Баррасии масоили амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз бо дастгирии Созмони озуқа ва кишоварзии (ФАО) Созмони миллали муттаҳид дар бинои Созмони рушди СММ дар Тоҷикистон мизи мудавар доир ба таъмини амнияти озуқаворӣ доир гардид, ки дар кори он сафирони Ҷумҳуриҳои Беларус, Покистон, Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон ҷаноби Насим Ҷавод ва дигар намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Дар раванди мизи мудаввар вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Қосимов доир ба дастовардҳо ва мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт. Сипас иштирокчиёни мизи мудаввар андешаҳои хешро доир ба таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ баён намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






