Баррасии муҳити сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони Фаронса

Май 18, 2012 14:45

Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов 15 май бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани, мушовири иқтисодии Сафорати Фаронса дар шаҳри Маскав Филипп Бодри вазъи кунунии иқтисодию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод. Д. Саидов доир ба самтҳои фаъолияти Кумита дар бобати пешбурди сиёсати давлатии ҷараёнҳои ҷалби сармоягузорӣ, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва бевосита истифодаи самараноки моликияти давлатӣ маълумот дод.Аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар маҷмӯъ дар мулоқот масъалаҳои татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва натиҷаҳои он, нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт, масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ширкатҳои фаронсавӣ, ки ҷиҳати иштирок ва сармоягузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат изҳорот баён намуданд.

Май 18, 2012 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст