Баррасии муҳити сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони Фаронса
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов 15 май бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани, мушовири иқтисодии Сафорати Фаронса дар шаҳри Маскав Филипп Бодри вазъи кунунии иқтисодию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод. Д. Саидов доир ба самтҳои фаъолияти Кумита дар бобати пешбурди сиёсати давлатии ҷараёнҳои ҷалби сармоягузорӣ, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва бевосита истифодаи самараноки моликияти давлатӣ маълумот дод.Аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар маҷмӯъ дар мулоқот масъалаҳои татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва натиҷаҳои он, нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт, масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ширкатҳои фаронсавӣ, ки ҷиҳати иштирок ва сармоягузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат изҳорот баён намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






