Баррасии рушди таҳсилоти фарогир дар вилояти Хатлон
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).-31 майи соли 2012 бо дастгирии барномаҳои таҳсилотӣ ва барномаҳои «Тандурустии ҷамъиятӣ»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва ташкилоти олмонии CARITAS дар шаҳри Қӯрғонтеппа мизи мудаввар дар мавзӯи «Иқдоми аввалини рушди таҳсилоти фарогир дар вилояти Хатлон: пмушкилот ва дурнамо» баргузор мегардад. Ҳадаф аз чорабинии мазкур баланд бардоштани огоҳии бахшҳои давлативу ғайридавлатӣ ва академӣ доир ба масоили фарогир ва нақши ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ дар пешбурди сиёсати таҳсилоти фарогир мебошад. Дар ҷараёни мизи мудаввар имкониятҳои воқеии рушди таҳсилоти фарогир дар вилояти Хатлон, таъмини дастрасӣ ба муассисаҳои таҳсилотӣ, хизматрасонии ҷамъиятӣ, дастрасии равониву тиббӣ ва педагогӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд тавассути омода кардани муаллимону мутахассисон, таҳияи заминаи методӣ ва афзун кардани огоҳии аҳолӣ дар ин масъала баррасӣ мешаванд.Ба мизи мудаввар 40 нафар намояндаи мақомоти худидораи маҳаллӣ, ТҒД-ҳои маҳаллӣ, шӯъбаҳои ноҳиявии маориф ва идораи маорифи вилояти Хатлон, донишгоҳҳои давлатии Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, маркази захиравии назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва шӯрои коршиносони департаменти таҳсилоти ИҶК-БМТ даъват шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






