«Бавария» ё «Челсӣ»
Душанбе, 18 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Пагоҳ дар варзишгоҳи «Allianz Arena»-и Олмон дар вохӯрии ниҳоии ҷоми чемпионҳои Аврупо дастаҳои «Бавария»-Олмон ва «Челси»-и Англия ба дидори ҳам мераванд. Кадом даста беҳтар аст? Ба ин савол ҳамаи мухлисони футбол баъди бозӣ ҷавоб хоҳанд гирифт, вале мутахассисони футбол бар он ақидаанд, ки «Бавария» нисбат ба «Челси» шонси бештар дорад, зеро ин даста дар майдони худ ва дар ҳузури шумораи аз ҳад зиёди мухлисонаш ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Сониян, «Бавария» панҷ маротиба соҳиби ин ҷом шудааст.( 1974, 1975, 1976 ва 2001). «Челси» метавонад дар сурати ғалаба бори аввал соҳиби унвони чемпионӣ гардад. Дар маҷмӯъ ин дастаҳо ду маротиба ба ҳам дар бозии нимниҳоии Ҷоми чемпионхои мавсими соли 2004-2005 бо ҳам вохӯрдаанд. «Челси» дар майдонаш бо натиҷа 4:2 ғалаба карда, дар сафар бо ҳисоби 3:2 бохтааст. Ин навбат чӣ? Биёед бозиро мунтазир шавем.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






