Бетаъсирии сӯзишворӣ дар воридоти мошин

Май 2, 2012 08:58

Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти омори расмӣ, вазъи иқтисодии ҶТ сол то сол беҳтар мегардад. Дар давоми 5 соли охир ба ҷумҳурӣ беш аз 70 ҳазор мошинҳои сабукрав ва боркаш ворид карда шудааст, ки ҳар кадом аз 5 то 350 -500 ҳазор доллари амрикоӣ қимат доранд. Танҳо дар се моҳи аввали соли 2012 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 98,9 млн. доллар мошинҳои сабукрав ворид шудааст, ки далели пешрафти иқтисоди кишвар аст.Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2011 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ба маблағи 146,6 млн. доллар мошинҳои сабукрав ворид гардидааст.Ба гуфти иқтисодшинос Л. Обидов, бо вуҷуди афзоиши қимати сӯзишворӣ, дар ҷумҳурӣ талаботи аҳолӣ ба мошин бештар мегардад. Дар маркази шаҳрҳои калонтарини ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе аз сабаби зиёд будани мошин дар роҳҳои автомобилгард танба ба вуҷуд омада, ҳаракати мошинҳо соатҳо қатъ мегардад.

Май 2, 2012 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд