Биё, китоб бихонем!
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Имрӯз дар бинои собиқ Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсии шаҳри Душанбе «Намоишгоҳи дуюми байналмилалии китоби Душанбе» кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, мудири шӯъбаи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар Маҳмадсаид Пиров, сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғар Шеърдӯст ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат иштирок доштанд. Дар ин ҳамоиши бузург маҳсули эҷоди шоирону нависандагони 16 давлати ҷаҳон пешкаши тамошобинон мегардад. Намоиш бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи китоб дар байни аҳолӣ гузаронида мешавад. Тибқи нақша рӯзҳои баргузории намоиши китоб вохӯрии хонандагон бо 10 нафар шоиру нависандаи маъруф, муаррифии 10 китоби тозанашри беҳтарини интишороти ватанӣ, конфронси илмӣ дар мавзӯи «Китоб ва нақши он дар робитаҳои фарҳангии кишварҳои ҷаҳон», семинари Институти ГЁТЕ-и Олмон, конфронси илмии байналмилалӣ бо ширкати ноширони ватаниву хориҷӣ доир хоҳад шуд.Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфта, то 26 май давом мекунад.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






