Биё, китоб бихонем!

Май 24, 2012 13:45

Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Имрӯз дар бинои собиқ Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсии шаҳри Душанбе «Намоишгоҳи дуюми байналмилалии китоби Душанбе» кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, мудири шӯъбаи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар Маҳмадсаид Пиров, сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғар Шеърдӯст ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат иштирок доштанд. Дар ин ҳамоиши бузург маҳсули эҷоди шоирону нависандагони 16 давлати ҷаҳон пешкаши тамошобинон мегардад. Намоиш бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи китоб дар байни аҳолӣ гузаронида мешавад. Тибқи нақша рӯзҳои баргузории намоиши китоб вохӯрии хонандагон бо 10 нафар шоиру нависандаи маъруф, муаррифии 10 китоби тозанашри беҳтарини интишороти ватанӣ, конфронси илмӣ дар мавзӯи «Китоб ва нақши он дар робитаҳои фарҳангии кишварҳои ҷаҳон», семинари Институти ГЁТЕ-и Олмон, конфронси илмии байналмилалӣ бо ширкати ноширони ватаниву хориҷӣ доир хоҳад шуд.Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфта, то 26 май давом мекунад.

Май 24, 2012 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад