BMV-X5 корманди парлумонро пахш намуд

Май 30, 2012 16:09

Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз, 30 май, тақрибан соати 12- и рӯз дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ буриши кучаи Бухорои пойтахт Рафоатхон Чӯпонова, мудири бахши молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Рафоатхон Чӯпоноваи 45 — соларо автомашинаи тамғаи BMV-X5 таҳти идораи сокини шаҳри Душанбе Бахтиёр Хушвахтови 28-сола пахш намуда, ронанда аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Тавре ки аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти мазкур ронанда дарҳол дастгир гардид. Мақомот феълан доир ба ин ҳодисаи маргбор тафтишотро шурӯъ намудаанд.

Май 30, 2012 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад