BMV-X5 корманди парлумонро пахш намуд
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз, 30 май, тақрибан соати 12- и рӯз дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ буриши кучаи Бухорои пойтахт Рафоатхон Чӯпонова, мудири бахши молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Рафоатхон Чӯпоноваи 45 — соларо автомашинаи тамғаи BMV-X5 таҳти идораи сокини шаҳри Душанбе Бахтиёр Хушвахтови 28-сола пахш намуда, ронанда аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Тавре ки аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти мазкур ронанда дарҳол дастгир гардид. Мақомот феълан доир ба ин ҳодисаи маргбор тафтишотро шурӯъ намудаанд.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






