Бохти дастаи футзали Тоҷикистон дар дидори санҷишӣ

Май 21, 2012 14:37

Душанбе, 21 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Тими мунтахаби футзали мамлакат, ки дар Амороти Муттаҳидаи Араб ба чемпионати 12-уми Осиё тайёрӣ мебинад, дар дидори нахустини санҷишии худ бо дастаи мизбон бо натиҷаи 0 бар 4 шикаст хӯрд. Бино ба маълумоти Дамир Камолиддинов, сармураббии даста «футболбозони мо дар хати ҳимоя ба хатогии зиёд роҳ доданд ва натиҷа ҳам аз ҳамин иштибоҳҳо ба амал омад. Бовар ҳаст, ки то оғози мусобиқаи асосӣ мо аз ин камбудиҳо хулосаи амиқ мебарорем».Имрӯз футболбозони мо вохӯрии дуввуми таҷрибавии худро бо дастаи «Дубай полис клаб» доир хоҳанд кард. Рӯзи 22 –юми май Куриёи Ҷанубӣ дар дидорҳои охирини санҷишӣ дастаи моро имтиҳон хоҳад кард.

Май 21, 2012 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид