Бонуи соҳибкори сол
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз «Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо мақсади эътироф кардан ва мукофотонидани бонувони фаъоли соҳибкори Тоҷикистон ва ҷалби рушди соҳибкорӣ миёни онҳо дар ҷумҳурӣ Озмуни миллии «Бонуи соҳибкори сол – Фараҳ -2012» эълон гардидааст.Ба иттилои манбаъ, ҳар як бонуи фаъолияти иқтисодӣ дошта, ки кораш ба меъёрҳои озмун мувофиқат менамояд, дар яке аз 6 номгӯи озмун: соҳаи хизматрасонӣ, истеҳсолот ва хӯроки умумӣ, соҳаи хизматрасонии тиббӣ ва таълимӣ, соҳаи кишоварзӣ, соҳаи зебоӣ, мӯд, дизайн ва соҳаи ҳунармандӣ ширкат варзида метавонад.Ғолиби озмун соҳиби ҷоизаи асосӣ — 100 ҳазор сомонӣ мегардад, ки он ба рушди соҳибкории ӯ бештар мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






