Бонувони муштзан ба чемпионати ҷаҳон мераванд
Душанбе, 3 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Мавзуна Чориева ва ҳамкасби ӯ Матлуба Каримова барои ширкат дар чемпионати ҷаҳон доир ба бокс байни бонувон ба кишвари Чин мераванд. Мусобиқа 9-уми май дар шаҳри Синхуандао шурўъ мегардад. Мавзуна Чориева дар вазни 60 кг имконияти хуби ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпиро дорад. Дар чемпионати мазкур аз рӯи 10 вазн баромад мекунанд. Бонувон танҳо дар 3 вазн: 51 кг, 61 кг ва 75 кг имкон доранд, то соҳиби роҳхат шаванд. Дар ин бора Муродалӣ Тешаев котиби мутбуоти КМО ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






