Боз як қадами Тоҷикистон ба роҳи воридшавӣ ба ТУС
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 29 май дар шаҳри Женева маросими имзои Протокол дар бораи мувофиқаи дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ал Салвадор аз рӯи масъалаи воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо баргузор гардид.Ин ҳуҷҷатро аз ҷониби Тоҷикистон сафир, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шӯъбаи женевагии СММ Салоҳиддин Насриддинов ва аз ҷониби Ал Салвадор сафир, намоядаи доимии Ҷумҳурии Ал Салвадор дар Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо Франсиско А.Лима Мена имзо намуданд.Ба ҳамин тариқ, Тоҷикистон боз як қадаме ба роҳи воридшавӣ ба Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо гузошт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






