Боздиди тоҷикон аз бузургтарин ҷамъомад
Душанбе, 8 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ду гурўҳи 70 нафара, ки аз намояндагони аҳли илму адаб ва вазорату идораҳои Тоҷикистон иборат аст, ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» ба Эрон сафар карданд. Масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Шерхонӣ дар сўҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳайати тоҷикистонӣ дар баробари боздид аз намоишгоҳи «Китоби Теҳрон», ҳамзамон ёдгориҳои таърихӣ ва шаҳрҳои бостонии Эронро тамошо хоҳад кард. Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси масоили фарҳангӣ мегўяд: намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон», ки 25 сол боз баргузор карда мешавад, аз бузургтарин ҷамъомади фарҳангӣ дар Эрон ва минтақа аст. Дар он ҳудуди 2500 ношири эронӣ ва беш аз 1500 ношири хориҷӣ ширкат намуда, китобҳои тозанашрро ба маърази тамошо ва фурўш мегузоранд. Ҳадафи аслии намоишгоҳи китоб муаррифӣ ва тарғиби китобҳои тозанашр, тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ноширони кишварҳои ҷаҳон дар бахши чопи китоб ва китобдорист.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






