Боздошти қаллобони дипломҳои қалбакӣ

Май 28, 2012 17:02

Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ки тайи чандин соли охир ба сохтан ва фурӯхтани дипломҳои қалбакии донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул буд, ошкор ва боздошт гардид.Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки гурӯҳ аз 5 нафар иборат буда, 2 нафараш зан аст. Аз ҷумла, сокинони шаҳри Душанбе Сафар Раҷабови 63-сола, Ғиёсиддин Очилови 46- сола, Муҳаббат Сувонқуловаи 39-сола, Людмила Дрозденкои 44- сола ва сокини шаҳри Турсунзода Толиб Очилдиеви 39- сола шомили ин гурӯҳ будаанд. Гурӯҳ аз соли 1990 то имрӯз зиёда аз 100 дипломи қалбакӣ сохта, ба шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия ва Эрону Афғонистон бо арзиши аз 150 сомонӣ то 300-800 доллари ИМА фурӯхтааст.Ҳангоми ошкор ва боздошти ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ҳамчун далел аз ҳуҷраҳои эшон таҷҳизоти техникӣ, аз қабили компютер, принтери ранга, муқова (корочка)-и дипломҳои қалбакӣ ва амсоли инҳо ёфт ва мусодира шудааст.
Мавриди зикр аст, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Май 28, 2012 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд