Бозрасони давлатии автомобилӣ аз чӣ нигаронӣ доранд?
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Шерафган Латипов-сардори маркази матбуоти Бозрасии давлатии автомобили шаҳри Душанбе аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки аксарияти садамаҳои нақлиётӣ дар шаҳру навоҳии кишвар аз ҷониби ҷавонони бетаҷриба, ки барномаҳои таълимии курсҳои ронандагиро нагузаштаанд, рух медиҳад, барои ин мисолҳои мушаххас ҳам дорем ва ин натанҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар дигар шаҳру навоҳии кишвар ҳам ба мушоҳида мерасад ,- гуфт полковники милитсия Шерафган Латипов.Чанд рӯз пештар шӯъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон аз боздошт шудани масъулини Бозрасии давлатии техникӣ, раиси иттиҳодияи автомобилронӣ, омӯзгорон ва дигар масъулини мактабҳои ронандагии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, ки бар ивази 150 – 200 доллари амрикоӣ ба шаҳрвандон шаҳодатномаи ронандагӣ дода, онҳоро ба феҳрасти курсантҳо тақаллубкорона дохил кардаанд, иттилоъ дод. Ҳоло нисбати чанд нафар муаллимону роҳбарони мактабҳои ронандагии вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони шӯъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва коррупсия парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст,- афзуд Ш. Латипов.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






