Бунёди марҳилаи сеюми хатти оби нӯшокӣ дар Хуҷанд

Май 7, 2012 16:10

Хуҷанд, 7 май. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Бо кушодани қубури асосии соҳили рост бунёди хатти обрасонии шаҳри Хуҷанд барои таъмини пурраи аҳолӣ бо оби тозаи ошомидании сойи Хоҷабокирғон ба итмом мерасад. Барои сохтмони хатти обрасонии шаҳри Хуҷанд 61 миллион сомонӣ аз буҷаи мутамаркази давлатӣ ҷудо шудааст. Насби қубури асосии соҳили рост марҳилаи 3-ми ин иншооти муҳим ба ҳисоб рафта, оби сои Ҳоҷабоқирғон ба соҳили рости шаҳри Хуҷанд тавассути хати об ба масофаи 6,8 км бурда мешавад. Хатти об ба соҳили шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Ҷамъияти Саҳомии «Корез лоиҳа» — и шаҳри Душанбе тарҳрезӣ шуда, корҳои сохтмониро ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориён-КS» — и шаҳри Хуҷанд ба ӯҳда дорад.Дар бунёди хатти обрасонӣ қубурҳои полиэтилении қутрашон 630 милиметрии ватанӣ, ки истеҳсоли ширкати «Старпласт» — и шаҳри Хуҷанданд, истифода мешаванд.

Май 7, 2012 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад