Бунёди марҳилаи сеюми хатти оби нӯшокӣ дар Хуҷанд
Хуҷанд, 7 май. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Бо кушодани қубури асосии соҳили рост бунёди хатти обрасонии шаҳри Хуҷанд барои таъмини пурраи аҳолӣ бо оби тозаи ошомидании сойи Хоҷабокирғон ба итмом мерасад. Барои сохтмони хатти обрасонии шаҳри Хуҷанд 61 миллион сомонӣ аз буҷаи мутамаркази давлатӣ ҷудо шудааст. Насби қубури асосии соҳили рост марҳилаи 3-ми ин иншооти муҳим ба ҳисоб рафта, оби сои Ҳоҷабоқирғон ба соҳили рости шаҳри Хуҷанд тавассути хати об ба масофаи 6,8 км бурда мешавад. Хатти об ба соҳили шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Ҷамъияти Саҳомии «Корез лоиҳа» — и шаҳри Душанбе тарҳрезӣ шуда, корҳои сохтмониро ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориён-КS» — и шаҳри Хуҷанд ба ӯҳда дорад.Дар бунёди хатти обрасонӣ қубурҳои полиэтилении қутрашон 630 милиметрии ватанӣ, ки истеҳсоли ширкати «Старпласт» — и шаҳри Хуҷанданд, истифода мешаванд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






