Чемпиони ҷаҳон дар шоҳмот пагоҳ маълум мешавад
Душанбе, 29 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Ғолиби бозии шоҳмот барои унвони чемпиони ҷаҳон дар тай-брейк (чор бозии босуръат дар шоҳмот) маълум карда мешавад. Баъди вохӯрии 12-ev байни Вишванатан Ананди ҳинд (соҳиби унвон) ва Борис Гелфанд аз Исроил натиҷаи мусовии 6 бар 6 ба қайд гирифта шуд. Ин вохӯриҳо дар шахри Маскав сурат гирифтанд.Агар рӯзи 30 май дар чор бозии тай-брейк ғолиб муайян нашавад, пас ин бозингарон 5 бозии блитс( бо идораи 5 дақиқагӣ) хоҳанд гузаронид. Дар сурати натиҷа надодани ин чора барои муайян кардани чемпиони ҷаҳон бозии асосӣ таъин мегардад. Барои оне,ки бо мӯҳраҳои сафед бозӣ мекунад, 5 дақиқа барои ҳаракат ва барои мӯҳраҳои сиёҳ 4 дақиқа вақт ҷудо мешавад. Агар вохӯрӣ мусовӣ анҷом ёфт, ғолиб оне дониста мешавад,ки бо мӯҳраҳои сиёҳ бозӣ карда буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






