Чорабинӣ бахшида ба Иди Ғалаба дар ВКД
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 5 май дар толори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Ғалаба ҷамъомади бошукӯҳ, баргузор гардид. Дар чорабинӣ Аше ва дастгоҳҳое, ки дар айёми Ҷанги Бузурги Ватанӣ истифода мешуданд, ба намоиш гузошта шуданд. Тавре ки сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ mvd.tj хабар медиҳад, дар ҷамъомади ҷашнӣ вазири корҳои дохилии мамлакат генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмаки пулӣ расонида, раёсатҳои вазоратро барои нигоҳубин ва таъмини маводи ғизоӣ ба собиқадорон вобаста кард. Инчунин дар ҷамъомад ҳунармандони ансамбли назди Вазорати корҳои дохилӣ- «Сипар» бо суруду таронаҳои дилангезашон табъи ҳозиринро хуш карданд. Собиқадорони ҷанг аз чунин чорабинӣ изҳори хушнудӣ карда, миннатдории хешро ба вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати ғамхориаш ба онҳо баён намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






