Даҳ рўзи ҳаёти ҷавонони пойтахт
Душанбе, 18 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар доираи Рўзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, дар пойтахт бо қарори марбутаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев даҳаи ҷавонон — «Даҳ рўзи ҷавонони шаҳри Душанбе» эълон шудааст. Дилшод Қурбонов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва саёҳии шаҳри Душанбе дар сўҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ин иқдом бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ, дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ва илмиву маърифатӣ таҷлил намудани Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар пойтахт андешида шудааст. Дар асоси қарори мазкур аз ҷониби сохторҳои шаҳрдорӣ нақшаи чорабиниҳои гуногуни тарғиботию оммавӣ, илмию фарҳангӣ ва варзишӣ тарҳрезӣ гардидааст. Баргузории вохўриву сўҳбатҳо ва мулоқот дар муассисаҳои таълимӣ, табобатӣ, қисмҳои низомӣ, шаҳраку маҳаллаҳо таҳти унвони «21 соли Истиқлолият ва комёбиҳои он дар ҳаёти моддию маънавии ҷавонон» ва аёдати собиқадорони соҳаи кор бо ҷавонон, ходимони барҷастаи давлативу ҷамъиятӣ ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назар аст. Инчунин дар доираи «Даҳ рўзи ҷавонони шаҳри Душанбе» Фестивал – озмуни сурудҳои ватандўстонаи «Суруди сарбоз» байни қисмҳои низомии дар пойтахт буда, ба роҳ мондани саёҳати пиёдагардӣ аз Боғи мемориалии «Ғалаба» ба самти ноҳияи Варзоб, ташкили ҳашари умумишаҳрии ҷавонон дар боғу гулгаштҳо ва марказҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ва гузаронидани Дави миллӣ дар пойтахт рўзи 20 май дар назар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






