Дар АБ ИДМ қонунҳои моделӣ қабул гардид

Май 17, 2012 17:01

Душанбе, 17 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ҷаласаи пленарии 37-уми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки 17 май дар қасри Таврическийи Санкт-Петербург доир гардид, ширкат намуд. Дар кори Ассамблея ҳайати парлумонии ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Украина, инчунин Маҷлиси парлумонии Иттиҳоди Беларус ва Русия, Суди иқтисодии ИДМ ва дигар созмонҳои байнипарлумонию Конфедератсияи сартосарии иттифоқҳои касаба иштирок намуданд, иттилоъ дод Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллӣ. Дар ҷаласаи 37-уми Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ дар қатори дигар масъалаҳо, инчунин қонунҳои моделӣ ва санадҳое, ки дорои хусусияти тавсиявӣ дар таҳияи қонунҳои миллии кишварҳои аъзои ин созмони бонуфузанд, қабул гардиданд. Ин қонунҳо «Дар бораи ҳуқуқи соҳибмулкӣ ва ҳимояи он», «Дар бораи моликияти зеҳнӣ» ва консепсияи муҳоҷирати умумӣ дар миқёси ИДМ мебошанд.

Май 17, 2012 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд