Дар бораи техникаи кишоварзӣ чӣ гуфтан мумкин?
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар, Лаззат Диловарзод»).- Тибқи маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, то 1-уми майи соли 2012 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 12 ҳазору 641 адад тракторҳои гуногунтамға ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 6 ҳазору 690 адад ё 69 фоизаш коршоям мебошад. Аз шумораи умумии ин тракторҳо 2 ҳазору 553-тои он шудгоркунанда буда, 1619-тои он коршоям аст.Дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ ҳамчунин 551 комбайнҳои ғалладарав ва 3 ҳазору 964 автомобилҳои боркаш мавҷуд аст, ки мутаносибан 55 ва41 фоизи онҳо коршоям мебошад. Пас дар сурате, ки 60 фоизи техникаи кишоварзӣ корношоям аст, дар бораи амалӣ шудани сиёсати иқтисодии кишвар ва таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа чӣ ҷойи баҳс аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






