Дар Душанбе биноҳои баландошёна сохта мешаванд

Май 28, 2012 11:44

Душанбе, 28 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанберо муваззаф намуд, ки қарордоди сеҷонибаро ҷиҳати сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор бо ҷойгир намудани маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ва таваққуфгоҳи зеризаминии якқабата дар хиёбони Рӯдакӣ (рӯ ба рӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон) таҳия намояд.  Дар робита ба ин миёни Раёсати сохтмони асосии шаҳр, шаҳрдорӣ ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ростовгипрошахт»-и шаҳри Ростови лаби Дони Русия шартнома барои таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавии иншооти мазкур ба имзо мерасад. Тибқи ин лоиҳа чор адад бинои баландошёна- 1 ададӣ 12 ва 16 ошёна ва ду бинои 14 ошёна дар масоҳати 72 гектар бунёд мешавад. Ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷаи шаҳр беш аз 4 миллиону 156 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо мешавад.

Май 28, 2012 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад