Дар Душанбе биноҳои баландошёна сохта мешаванд
Душанбе, 28 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанберо муваззаф намуд, ки қарордоди сеҷонибаро ҷиҳати сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор бо ҷойгир намудани маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ва таваққуфгоҳи зеризаминии якқабата дар хиёбони Рӯдакӣ (рӯ ба рӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон) таҳия намояд. Дар робита ба ин миёни Раёсати сохтмони асосии шаҳр, шаҳрдорӣ ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ростовгипрошахт»-и шаҳри Ростови лаби Дони Русия шартнома барои таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавии иншооти мазкур ба имзо мерасад. Тибқи ин лоиҳа чор адад бинои баландошёна- 1 ададӣ 12 ва 16 ошёна ва ду бинои 14 ошёна дар масоҳати 72 гектар бунёд мешавад. Ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷаи шаҳр беш аз 4 миллиону 156 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






