Дар пойтахт амалиёт шурўъ мегардад
Душанбе, 14 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Муддати 6 моҳ — аз 20 май то 30 ноябри соли равон дар пойтахт амалиёти «Кӯкнор-2012» гузаронида мешавад. Дар робита ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе қарори марбута ба тасвиб расонд. Амалиёт бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори пойтахт ҷиҳати ошкору нобуд сохтани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва таҳкими мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар пойтахт гузаронида мешавад. Бо ин мақсад ситоди кории шаҳрӣ аз ҳисоби сардорони сохторҳои марбутаи шаҳр таъсис дода мешавад. Тибқи ин қарор Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба шаҳри Душанбе ва шўъбаи дар пойтахтбудаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ муваззаф гардидаанд, ки дар якҷоягӣ бо ситоди корӣ нақшаи кори ситодро бо мақсади ташкили ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ таҳия намуда, гурўҳҳои фаврию ҷустуҷӯиро ҷиҳати муоинаи заминҳо таъсис диҳанд








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






