Дар сӯҳбати Ҳидоятуллоҳ Раҳмонӣ
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова)- 2-юми июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор маҳфили эҷодии шоири тоҷик Ҳидоятуллоҳ Раҳмонӣ баргузор мегардад.Дар маҳфил иштироки раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адибон, дӯстону ҳамқаламон дар назар аст.Ҳидоятуллоҳи Раҳмонӣ аз соли 2000-ум инҷониб узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Маҷмӯаи шеърҳояш бо номҳои «Закоти ҳусн», «Фарёди дил», «Модарнома», «Барги сабз», «Ишқ ва тӯҳмат», «Шабнами оҳ» ва «Як роҳи андеша» манзури хонандагон гардидааст.Маҳфил бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор доир мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






