Дар Тоҷикистон Рӯзи сарҳадчиён таҷлил мешавад
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи сарҳадчиён таҷлил мешавад. Ба ин муносибат дар Комендатураи Сарраёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ маҷлиси ботантана баргузор мегардад. Дар ҷараёни ин маросим ба хизматчиёни шоистаи ҳарбӣ унвонҳои ҳарбӣ дода, баъзе сарҳадбонон бо медалу ифтихорномаҳо мукофотонида мешаванд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Сарраёсат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Таърихи ташкили қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон мураккаб аст. Ташаккули қӯшунҳои сарҳадӣ дар шароити мураккаби иқтисодӣ ва ҳарбию сиёсӣ сурат мегирифт. Ин сохтор дар солҳои душвори муқовимати шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ташкил ёфт. Моҳи ноябри соли 1992 бо қарори иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олӣ дар назди Кумитаи амнияти миллӣ бригадаи махсуси сарҳадӣ ташкил ёфта, баъди даҳ рӯз бо қарори Ҳайати раисаи Шӯрои Олӣ дар таркиби кумитаи мазкур Раёсати ҳифзи сарҳадот таъсис ёфт. Сарҳадчиёни тоҷик ҳифзи марзро якҷоя бо сарҳадбонони Русия анҷом медоданд, вале шаш сол инҷониб сарҳадҳои давлатии Тоҷикистони мустақилро худи сарҳадчиёни тоҷик посбонӣ мекунанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






