Дар Тоҷикистон таҷрибаи Исроил ба роҳ монда мешавад
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати кишвар вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилел Нюман баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо дар самтҳои ҷалби сармоя, лоиҳакашӣ, бунёд ва ба истифодадиҳии нерӯгоҳҳои офтобӣ бо истифода аз таҷрибаи бои кишвари Исроил дар ҷумҳурӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда хоҳад шуд. Ҳамзамон масъалаҳои ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, саноати сабук (дӯзандагию ресандагӣ), меваю сабазавот, коркарди пашму пӯст, коркарди маҳсулоти шири, соҳаи ҷустуҷӯи геологӣ ва истихроҷи нафту газ баррасӣ шуданд. Ибрози назар карда шуд, ки Ҳилел Нюман ҷониби Исроил, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ ва сармоягузорони ин кишварро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда шинос хоҳад кард. Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мазкур минбаъд густариш хоҳад ёфт.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






