Дархости шаҳрванд ба Суди конститутсионӣ
Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Дирӯз таҳти раёсати раиси Суди конститутсионии ҶТ М.А. Маҳмудов мурофиаи судӣ аз рӯи дархости шаҳрванд Ҷ. Бобоев «Дар бораи муайян намудани мутобиқати сархати 8 қ2 моддаи 42-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 17 ва 21-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.Дар баррасии масъалаи мазкур намояндагони ваколатдори Президенти ҶТ, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин намояндагони Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ, Суди Олӣ, Прокурори генералӣ, Шӯрои адлияи ҶТ ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ иштирок намуданд.Суди конститутсионии ҶТ масъалаи мазкурро баррасӣ намуда, иброз дошт, ки тартиби пешбинӣ намудаи сархати 8 қисми 2-и моддаи 42-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ, ки он ба маводи тафтишот шинос шудани ҷабрдида ва дигар иштирокчиёни мурофиаро пас аз анҷоми тафтиш танзим менамояд, наметавонад ҳамчун ҳолати маҳдудкунандаи ҳуқуқи ҷабрдида ба гирифтани иттилоот оид ба парвандаи ӯ арзёбӣ гардад.Ба гуфти Суди конститутсионӣ М. А. Маҳмудов, дар давоми тафтиши пешакӣ шинос намудани иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ бо маводи тафтиш амалан вайрон гардидани раванд ва тартиби ҷамъоварии далелҳо, исботи гуноҳ ва ҷинояти содиргардида мебошад. Дар ин ҳолат амалӣ намудани вазифаҳо ва мақсади пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ҳамчун зинаи муҳими мурофиаи ҷиноятӣ мазмуни худро гум намуда, аҳмияти ҳуқуқӣ ва иҷтимоии худро аз даст медиҳад.Бо назардошти гуфтаҳои боло, сархати 8 қисми 2-и моддаи 42-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ ба моддаҳои 17 ва 21-и Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ мутобиқ ҳисобида шуд.Ҳамзамон, Суди конститутсионӣ баҳри риояи бечуну чарои талаботи моддаи 18-и Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ, ки тибқи он «ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад» вазорату идораҳои марбутаро ҳушдор дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






