Дарёфти 10 кило афюн аз Дилшод
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт зиёда аз 10 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд. Бино ба хабари маркази матбуоти ВКД ҶТ, кормандони он ҳангоми дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ анҷом додани амалиёти фаврӣ шаҳрванд Шералиев Дилшод Уроқовичи 37 сола, сокини кӯчаи Неъмат Қаробоевро дастгир намуданд. Ҳангоми тафтиш аз манзили истиқоматии номбурда борхалтаи дорои зиёда аз 10 килограмм маводи нашъаовари афюн пайдо гардид.Доир ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






