Дарёфти қариб 7 кг маводи нашъадор дар пойтахт
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 17 майи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони шӯъбаи махсуси раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД ҶТ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт шаҳрванд Шавкат Мансурови 35 сола, сокини ноҳияи Ҳисор, кӯчаи Гидразол дастгир карда шуд.Тавре ки дар сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар додаанд, ҳангоми тафтиши дастгиршуда аз борхалтаи ӯ 6 килою 996 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






