Дастаи мунтахаби ҷавонон ба тайёрӣ оғоз кард
Душанбе, 14 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Таҳти роҳбарии Салоҳиддин Ғафуров дастаи мунтахаби ҷавонони ҷумҳурӣ(U-22) барои ширкат дар бозиҳои интихобии чемпионати Осиё тамринҳои худро оғоз карданд. Ба урдӯгоҳ се дарвозабон, 10 муҳофизатгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд. Асоси дастаро футболбозони дастаи «Вахш» (7 нафар), ССКА «Помир» (6 нафар) ташкил дода, ба он 3 нафар аз дастаи «Парвоз», дунафарӣ аз дастаҳои «Энергетик» ва «Регар-ТадАЗ» ва якнафарӣ аз «Хуҷанд», «Истаравшан», «Равшан» ва «Истиқлол» шомил шудаанд. Ёдрас мешавем, ки аз 23 июн то 3 июл ҷавонони мо дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Бахрайн, Эрон, Кувейт, Малдив ва Қатар дар Куала – Лумпури Малайзия бо ҳам қувва меозмоянд. Ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат мегирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






