Дастгирии таҷрибаи пешқадами хоҷагиҳои кишоварзӣ

Май 11, 2012 15:28

Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои илмию техникӣ баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони хоҷагиҳои таҷрибавӣ, стансияҳои таҷрибавии Институтҳои зироаткорӣ, боғдорию сабзавоткорӣ ва чорводорӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласа масъалаи гузаронидани мониторинги натиҷаи даромаднокӣ ва арзиши аслии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар соли 2011 дар кооперативи истеҳсолии ба номи Алимурод Кенҷаев ва хоҷагии деҳқонии «Намуна-2005»-и шаҳри Ваҳдат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Шӯрои илмию техникии вазорат тавсия намуд, ки таҷрибаи пешқадами ин хоҷагиҳо шоистаи дастгирӣ ва омӯзиши кишоварзони ҷумҳурӣ мебошад.Ҳамзамон зикр шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Намуна-2005» бо истифода аз тавсияи олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ соли 2011 ба натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардидааст. Ҳаҷми умумии даромади маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии мазкур 233 953 сомониро ташкил дод. Ҳамасола маҳсулоти истеҳсолкардаи хоҷагии мазкур ба нархҳои нисбат ба бозор арзон тавассути нуқтаҳои маҳсулотқабулкунии «Тоҷикматлубот» пешкаши харидорон мешавад.

Май 11, 2012 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад