Даври 8-ум: соҳибони майдон ғалаба карданд
Душанбе, 28 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар даври 8-уми чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ танҳо дастаи «Зарафшон»-и Панҷакент дар майдони худ аз меҳмонаш «Регар- ТадАЗ» бо натиҷаи 4 бар 1 шикаст хӯрд. Дар дигар дидорҳои ин давр мизбонон нисбат ба меҳмонон бартарӣ нишон дода, ба пирӯзӣ комёб шуданд. «Ҳосилот» бар «Хуҷанд» бо ҳисоби 1 бар 0, «Истаравшан» бар «Вахш» бо натиҷаи 2 бар 1, Истиқлол» бар ССКА «Помир» бо ҳисоби 4 бар 1, «Энергетик» бар «Гвардия» бо натиҷаи 2 бар 0 ва «Равшан» бар «Парвоз» бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуданд. Баъди ин давр «Истиқлол» ба зинаи сеюми ҷадвали мусобиқот баромад ва «Вахш» як зина поён рафт. Дар даври 9-ум маҳз вохӯрии «Вахш» ва «Истиқлол» дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҷойгиршавии ин дастаҳо нуқтаи амиқ хоҳад гузошт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






