Диде Дрогба «Челси»-ро тарк мекунад
Душанбе, 22 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Ҳамлагари дастаи «Челси» Диде Дрогба шартномаашро бо даста тамдид накарда, иттилоъ додааст.ки аз «Челси» ба дигар даста мегузарад,- менависад рӯзномаи France Football. Мӯҳлати шартномаи ин бозингар рӯзи 19 – уми май ба анҷом расидааст. Аз рӯи иттилои расонаҳо Дрогба ҳунарнамоии худро дар ҳайати дастаи «Шанхай Шенхуа» идома хоҳад дод. Дар он ҳоло ҳамдастаи ӯ Николя Анелка бозӣ дорад.Дрогба дар ҳайати «Челси» аз соли 2004-ум дар 339 бозӣ ширкат варзида, ба дарвозаи ҳарифон 157 гол задааст. Ӯ солҳои 2005, 2006 ва 2010 соҳиби унвони чемпионӣ, чор маротиба соҳиби Ҷоми Англия ва ду маротиба барандаи «Ҷоми лигаи англис» шудааст. Соли равон Дрогба дар ҳайати «Челси» ғолиби ҷоми чемпионҳои Аврупо гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






