Дидори сафири Тоҷикистон аз вилояти Гродно
Маскав, 18 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Сафари кории сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус дар вилояти Гроднои ин ҷумҳурӣ анҷом ёфт. Сафир дар ҷараёни сафараш бо раиси Кумитаи иҷроияи вилоят С.Шапиро мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод, техника, саноат ва кишоварзиро мавриди муҳокима қарор дода, муносибатҳои босуръат рушдёбандаи дуҷонибаро ба таври мусбат арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин мавзӯи муҳими ҳамкории минтақавӣ муҳокима гардид. Сафири Тоҷикистон ба мусоҳиб аз вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаҳои инвеститсионӣ, шароити бунёд намудани корхонаҳои муштарак ва ғайра хабар дод.Ҳамчунин мулоқоти сафир бо роҳбарияти Донишгоҳи кишоварзии Гродно баргузор гардид, ки дар ҷараёни он масъалаҳои ҳамкории донишгоҳи мазкур бо донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






