Директори КВД «Хиштистеҳсол» кӣ мешавад?

Май 31, 2012 09:57

Душанбе, 30 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тибқи қарори ба тасвибрасонидаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар пойтахт ҷиҳати ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Хиштистеҳсол» тендер эълон карда мешавад. Дар тендер ба хоҳишмандоне, ки маълумоти олии касбӣ ва таҷрибаи кори идорӣ доранд, донишгоҳу донишкадаҳои политехникии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишварро то соли 1992 хатм намудаанд, афзалият дода мешавад. Озмун то 23 июн идома ёфта, натиҷааш на дертар аз 28 июн эълом мегардад.   Хоҳишмандон барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе бо телефони 221-62-56 муроҷиат намоянд.

Май 31, 2012 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд