Донишҷўёни тоҷик ба Зеландияи Нав мераванд
Душанбе, 21 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Гурўҳе аз устодон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон /ДДТТ/ ба Зеландияи Нав мераванд. Сафари донишҷўёни тоҷик ба ин кишвар дар доираи Созишномаи ба имзо расонидаи ДДТТ бо Донишгоҳи Зеландияи Нав сурат гирифта, муддати се моҳ -аз июн то сентябр донишҷўёни тоҷик дар Зеландияи Нав ба омўзиши забони англисӣ машғул гардида, инчуин барои такмили забони англисӣ ба мағулиятҳои амалӣ фаро гирифта мешаванд. Заррина Қодирова, муовини ректори ДДТТ доир ба робитаҳои байналмилалӣ дар сўҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ба Зеландияи Нав донишҷўёне фиристонида мешаванд, ки бо баҳои аъло таҳсил менамоянд ва сатҳи забондониашон хеле хуб аст. Мавсуф афзуд, ки сафари гурўҳи донишҷўёни тоҷик ба Зеландияи Нав на танҳо ба ҷаҳонбинии донишҷўён таъсир мегузорад, балки ҷиҳати омӯхтани вижагиҳои забони англисӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон донишҷўёни тоҷик дар ин кишвар ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои зебоманзари онро тамошо менамоянд. Сафари донишҷўёни ДДТТ ба Зеландияи Нав бо кўмаку дастгирии Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и ҷумҳурӣ сурат мегирад. Заррина Қодирова афзуд, ки моҳи декабри соли 2011 раиси Донишгоҳи Зеландияи Нав профессор Эдвард Вайнӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд ва бо ҳайати устодону донишҷўёни ДДТТ мулоқот намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкориҳо байни ду донишгоҳ матраҳ гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






