Дружиначиён- дӯстони милитсия
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар толори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат вохӯрии сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД, полковники милитсия Искандар Раҷабов бо устодону донишҷӯён доир гардид. Зимни мулоқот пешгирии кирдорҳои ҷиноӣ ва мусоидат ба маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки танҳо дар якҷоягӣ бо ибтикору ҳамдилӣ метавонем ба ҳама гуна зӯроварию ҷиноятпешагӣ ғолиб оем. Аз ҷумла, сардори Раёсати мазкур ба ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия даъват карда афзуд, ки беҳтарин омили пешгирии ҷиноятпешагӣ дар ҷомеа ин аз ҳисоби донишҷӯёни фаъоли донишгоҳу донишкадаҳо зиёд кардани шумораи дӯстони милитсия- дружиначиён мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






