Дурнамои тавсеаи робитаҳои Тоҷикистону Русия
Душанбе, 17 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишарҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/, ки дар Санкт-Петербург доир гашта истодааст, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия мулоқот анҷом дод. Зимни вохўрӣ Раиси Маҷлиси миллӣ ҷараён ва таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар бахши сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию гуманитарӣ ва байнипарлумониро нек арзёбӣ карда, мулоқоти сарони кишварҳоро таконбахши робитахои судманд номид. М. Убайдуллоев зикр намуд, ки дар марҳилаи феълии ҷаҳонишавӣ, муносибату ҳамгироиҳои дўстонаи Тоҷикистону Русия тақозо менамоянд, ки ҳамкориҳо беш аз пеш густариш ёфта, ба манфиати ҳар ду ҷониб равона шаванд. Дар ин раванд пеш аз ҳама вусъатбахшии робитаҳои иқтисодӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки гидроэнергетикӣ дар кишвари мо бо ҷалби сармояҳои Русия мувофиқи мақсад аст.Инчунин таъкид шуд, ки иштироки ширкатҳои русӣ дар иктишофи чоҳҳои гази табиӣ дар Тоҷикистон шаҳодати ҳамкориҳои судманданд.Мусоҳибон ҳамзамон масоили ҳамкориҳои гуманитарӣ, фаъолияти филиалҳои донишгоҳҳои Русияро дар Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани мутахасисони маҳаллӣ нек арзёбӣ намуда, зарурати андешидани тадбирҳои иловагиро барои танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар ҳар ду кишвар махсус таъкид намуданд.Раиси Маҷлиси миллӣ робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русияро дар фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии рушди муносибатҳо қайд намуда, ибрози қаноатмандӣ кард, ки дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба таъсис ва фаъолияти институти комилан нави парламентаризми муосир- Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия: нерўи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» нақши муассир гузошт ва робитаҳои мустақими байниминтақавии кишвари мо бо 70 субъекти Русия шаҳодати ҳамкориҳои пурсамар аст.Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия дар навбати худ гуфт: пешниҳодҳои раиси Маҷлиси миллӣ шоистаи дастгирист ва ҷонибҳо барои расидан ба ин ҳадафҳо тадбирҳои судманд хоҳанд андешид. Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллӣ иттилоъ дод, ки мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






