Дурнамои тавсеаи робитаҳои Тоҷикистону Русия

Май 17, 2012 10:33

Душанбе, 17 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишарҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/, ки дар Санкт-Петербург доир гашта истодааст, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия мулоқот анҷом дод. Зимни вохўрӣ Раиси Маҷлиси миллӣ ҷараён ва таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар бахши сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию гуманитарӣ ва байнипарлумониро нек арзёбӣ карда, мулоқоти сарони кишварҳоро таконбахши робитахои судманд номид. М. Убайдуллоев зикр намуд, ки дар марҳилаи феълии ҷаҳонишавӣ, муносибату ҳамгироиҳои дўстонаи Тоҷикистону Русия тақозо менамоянд, ки ҳамкориҳо беш аз пеш густариш ёфта, ба манфиати ҳар ду ҷониб равона шаванд. Дар ин раванд пеш аз ҳама вусъатбахшии робитаҳои иқтисодӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки гидроэнергетикӣ дар кишвари мо бо ҷалби сармояҳои Русия мувофиқи мақсад аст.Инчунин таъкид шуд, ки иштироки ширкатҳои русӣ дар иктишофи чоҳҳои гази табиӣ дар Тоҷикистон шаҳодати ҳамкориҳои судманданд.Мусоҳибон ҳамзамон масоили ҳамкориҳои гуманитарӣ, фаъолияти филиалҳои донишгоҳҳои Русияро дар Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани мутахасисони маҳаллӣ нек арзёбӣ намуда, зарурати андешидани тадбирҳои иловагиро барои танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар ҳар ду кишвар махсус таъкид намуданд.Раиси Маҷлиси миллӣ робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русияро дар фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии рушди муносибатҳо қайд намуда, ибрози қаноатмандӣ кард, ки дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба таъсис ва фаъолияти институти комилан нави парламентаризми муосир- Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия: нерўи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» нақши муассир гузошт ва робитаҳои мустақими байниминтақавии кишвари мо бо 70 субъекти Русия шаҳодати ҳамкориҳои пурсамар аст.Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия дар навбати худ гуфт: пешниҳодҳои раиси Маҷлиси миллӣ шоистаи дастгирист ва ҷонибҳо барои расидан ба ин ҳадафҳо тадбирҳои судманд хоҳанд андешид. Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллӣ иттилоъ дод, ки мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.

Май 17, 2012 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд