Эҳёи ҳунарҳои бадеии мардумӣ
Хоруғ, 7 май. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Шӯбаи фарҳанги ВМКБ барои иҷрои қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 31 октябри соли 2008 «Дар бораи тасдиқи барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2015» кори зиёдеро анҷом додаст. Тавре мудири шӯъбаи фарҳанг Муҳиддин Пайшанбиев иттилоъ дод, дар шаҳру ноҳияҳо комиссияҳо таъсис ёфта, феҳрист ва рӯйхати ҳунармандони ҳунарҳои бадеии халқӣ таҳия шудааст. Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳо ҳунарҳои мардумӣ пайваста ривоҷу равнақ дода мешаванд. Бо ин мақсад дастурҳои методӣ таҳия гардида, дастраси ҳунармандон гардонида мешаванд. Солҳои охир ба таъсиси ансамбҳои оилавӣ ва сабту ҳифзи оҳангҳои қадимаи мардумӣ низ аҳамияти хоса дода мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






