Эҳёи ваҳдат- саодати миллат
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии эҷодкорон ва соҳибистеъдодҳои ҷавон, таҳкими ҳисси худшиносиву меҳанпарастӣ имрӯз дар Муассисаи давлатии кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Эҳёи ваҳдат- саодати миллат» маҳфили фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони бахшҳои ҷавонони ноҳияҳои шаҳр ва меҳмонон ҳузур доштанд. Дар чорабинӣ хонандагони мактабҳои миёнаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ширкат варзида, дар васфи Ватан, модар, Ваҳдат ва истиқлолият бо маҳорати баланд шеър хонданд. Тавре ки директори маркази номбурда Комилҷон Холов иброз дошт, бедории миллӣ ва густариши рӯҳияи ватанпарастии ҷавонон дар шароити кунунии истиқлолияти милливу давлатӣ аз аҳамият холӣ нест. Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта ва бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандустӣ марказ тасмим гирифтааст, ки дар тӯли ҳафта як маротиба чунин чорабинии адабию варзишӣ, фароғативу маърифатӣ ва оммавиро пешкаши хонандагон гардонад. Дар хотима аз ҷониби толибилмон барномаи консертӣ пешкаши аҳли нишаст гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






