Фабрика ба фаъолият шурӯъ кард
Кӯлоб, 10 май. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Фабрикаи паррандапарварии ноҳияи Мӯъминобод аз 4 майи соли ҷорӣ аз сари нав ба фаъолият шурӯъ кард. Дар айни ҳол ба фабрика 13 650 дона тухми мурғи гӯштӣ аз Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи «Сомонфуд» — и Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид шудааст.Рӯзҳои наздик боз 27 ҳазор дона тухми мурғ ба фабрика ворид мешавад, ки ин шумора метавонад истеҳсоли гӯштро дар корхона зиёд намояд. Баъди ба пуррагӣ ба кор даромадани корхона масъулин метавонанд истеҳсоли гӯшти парҳезии мурғро ба 500 тонна расонида, беш аз 100 нафар коргарро ба кор қабул намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






