Фестивалҳои ансамблҳои оилавӣ
Хоруғ, 7 май. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Ба манзури баланд бардоштани ҳисси зебошиносии наврасону ҷавонон ва дарёфти истеъдодҳои нав ҳамасола моҳи апрел фестивал — озмуни умумиҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ доир мегардад. Дар раванди ин дар толори литсейи касбӣ — техникии рақами 77 – уми ноҳияи Шуғнон даври сеюми фестивал — озмуни ансамблҳои оилавии ноҳияи мазкур баргузор гардид. Дар озмун оилаҳои ҳунарманд ва санъаткори ноҳия бо ҳунару истеъдоди волои худ ва такя бо расму оинҳои аҷдодии мардуми Бадахшон ҳунарнамоӣ карда, хотири аҳли толорро болида сохтанд. Фестивал — озмун таҳти унвони «Гули мақсуд» ба 15 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 20 — умин солгарди Иҷлосияи таърихӣ бахшида шуда, доир намудани он анъанаи некест, ки ҳанӯз аз аҳди шӯравӣ боқӣ мондааст. Фестивал дар се давра доир гардида ва даври ниҳоии он дар арафаи 15 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ баргузор мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






