Фестивали «Сапеда»

Май 30, 2012 15:19

Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 1 июн дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Фестивали ҷумҳуриявии кӯдакону наврасони лаёқатманд таҳти унвони «Сапеда – 2012» баргузор мегардад. Ин чорабинӣ маротибаи дуюм аст, ки роҳандозӣ мешавад. Имсол фестивал ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон бахшида шудааст. Фестивалро вазоратҳои фарҳанг ва маорифи ҷумҳурӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон, варзиш ва туризми назди Ҳукумати ҶТ бо дастгирии Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе рӯи кор меоранд.Мақсаду вазифаҳои фестивал иборат аз афзун намудани шумораи мутахассисони касбии бахши фарҳангу санъат, дарёфти истеъдодҳои ҷавон аз қабили рассомон, мутрибон, сарояндагон, раққосон ва ғайра мебошад.Тавре ки директори фестивал, муовини директори Театри ҷавонони ба номи М.Воҳидов Зиёбой Тошев хабар дод, дар фестивал беш аз 500 нафар кӯдакону наврасони лаёқатманд иштирок мекунанд. Онҳо иборат аз хонандагони мактабҳои ҷумҳуриявии мусиқӣ, мактаб – интернатҳои миёнаи махсуси ба номи Миратулло Атоев ва Зиёдулло Шаҳидӣ, мактаби бачагонаи мусиқии шаҳри Душанбе, коллеҷҳои санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Малика Собирова мебошанд.Дар ҳошияи барномаи фестивал асарҳои бастакорони тоҷик ва ҷаҳон танинандоз мешаванд.

Май 30, 2012 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад