Филиали минтақавии «Тоҷиксодиротбонк» дар Кӯлоб

Май 14, 2012 17:50

Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз баъд аз таъмири куллӣ бинои филиали минтақавии «Тоҷиксодиротбонк» дар шаҳри Кӯлоб аз нав мавриди истифода қарор дода шуд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти бонк иттилоъ доданд, ки бино бо усули замонавӣ таъмиру таҷдид гардида, бо таҷҳизот ва мебелҳои муосир муҷҷаҳаз шуда, комилан ба талаботи муосири хизматрасонии бонкӣ ҷавобгӯй мебошад. Ба иттилои манбаъ, дар маросими танатанавии ифтитоҳи бино, ки бо иштироки кормандон ва мизоҷони филиал ва доираи васеи меҳмонон доир гардид, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдукарим Неъматов ва раиси «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷидин Пиров сухан гуфта, таъкид сохтанд, ки ободкориҳои роҳбарияти Бонк дар партави таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои пайвастаи иқдоми ободкоронаи Сарвари давлат сурат мегиранд. Ҳамчунин зикр гардид, ки фароҳам овардани шароит барои кормандон ва мизоҷони Бонк имкон медиҳад, ки сатҳ ва сифати хизматрасониҳо баланд шавад.

Май 14, 2012 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад