Филиали нави «Тоҷиксодиротбонк» дар Ховалинг
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо мақсади таъмини хизматрасонии хуб ва муосири бонкӣ 19 майи соли равон дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон филиали нави «Тоҷиксодиротбонк» расман ифтитоҳ гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттилоъ доданд, ки бинои филиал тибқи талаботи муосири бонкдорӣ ва дар асоси бренди ягонаи бонк бунёд ва бо навтарин таҷҳизоти техникиву идорӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар чорабинии кушоиши расмии филиал масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Ховалинг, роҳбарият ва кормандони «Тоҷиксодиротбонк», намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва мардуми ноҳия иштирок намуданд. Дар ҷамъомад зикр шуд, ки фаъолияти филиал имкон медиҳад барои мутахассисони соҳавии ноҳия 30 ҷойи нави корӣ омода гардад, ҳамзамон бо истифода аз хизматрасониҳои бонкӣ барои пешбурди фаъолияти намояндагони соҳаҳои гуногуни ноҳия заминаи воқеӣ гузошта шавад.








Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст






